Рӯзе, ки Табиат мегирист
                                                           
                                                                       (новелла)

 Чун шери жаён наъра мезад. Фиғон мекашид. Посгуно месохт. Ҳамчун ҷунуни гашта гӯр мекофт, решакан менамуд, пора мекард.
   Меруфт. Мебардошт. Мебурд. Мешикаст. Месӯхт...
   Бо зудии барқосо абри сияҳ симои хуршедро пӯшид. Фавран зулмоти ваҳмангез атрофро фаро гирифт. Дили кучаку оҷизи инсон ин сонияҳо аз тарсу ҳарос берун ҷастан мехост. Лаҳзае пас ханҷари оташини барқ синаи абрро дарид. Аз пайкари захмдоршуда фавораҳои хунин ҷӯш мезаданд...
   Мешорид... Мешорид... Мешорид...
   Мегирист...Мегирист...Мегирист...
   
Чун модари фарзандонашро яғмогарон рабуда, чун маъшуқаи маҳбубаш тарк карда, чун маҷрӯҳи оғуштаи хуни хеш гашта, чун тифли дар биёбон бесоҳиб монда... Ин ашкон, андӯҳу сӯзиши ботин, нолаву фиғони дилрешкунандаи рӯҳи озорёфта, рӯҳафтодагию оҷизии ба марзи вопасин расида, бекасиву танҳоии ғамфизоро бо ҳам омезиш дода як навҳаи ҳузновари рӯҳро карахсозандаеро ба фазо танинандоз менамуданд.
   Мегирист...Мегирист...Мегирист...
   Ту шоир мағруру масрурӣ, ки номи хешро абадан дар дафтари сарнавиштҳои ман сабт хоҳӣ кард! Оҳ, то чӣ дараҷа ту соддаву гӯлӣ! Тӯфонҳои ман тамаддунҳои абадиву шоҳони чаҳонӣ, қасру кӯҳандизҳои аз санги мармар сар ба гардун барафрохта китобу осорҳои санъате, ки муаллифонаш орзуи абадиятро доштанд, номҳои ҳотамкорикардашудаву хотироти беназир, сарнавиштҳои вокеъанигорон бо нияти умри тӯлони нигошта миллатҳои даъвои сармиллатикунандаву нобиғаҳои сайёраро сарнагунсозанда, бузургони гетиро ба савдо гузоранда - ҳамаро вожгун сохтанд ва аз он шаҳомоту азамат заррачаҳои ноаёне монданд, ки онро ворисон дар зери пурбин мебинанду бас! Ту боваврии комил дорӣ, ки гузаштаи ниёгонатро то ҷузъиётҳои ноаёнтарину саҳеҳтаринаш медонӣ? То чӣ дараҷа худбоварии аблаҳона! Аҷдодонатро низ ин манманӣ ба жарфои таназул равон сохта буд! Дар дастони нафису латифат ҳамагӣ барои 8 - 9 ҳазор соли вопасин маълумоти  носаҳеҳу норавшане дориву бас. Гузаштаат куҷост? Хомӯшӣ? Онон ҳам ту барин танҳо як мақсади маҳдуду ночизи ҳаётӣ доштанд - бо ҳар роҳе, ки набошад номи хешро абадан дар дафтари таърих сабт намудан ва Герострат яке аз он миллионҳо "беморон" буд. Дар чамъомадҳою шабнишиниҳо ваъзҳои пурдабдабаи нӯшбодӣ мегуфтанд, ба бонуҳои ҳурсимою малеҳтарин шеъру достонҳо қиссаву романҳои асрро мебахшиданд. Мусаввирону ҳаккокон бо ҳазоу як сабк чеҳраҳояшонро менигоштанд, ҳайкалтарошон пайкарҳои чун Аполлон зебояшонро дар мису хоро, мармару зар инъикос менамуданд, то ниёгон онҳоро пос доранду гоҳе дар кохи муқаддас - ноосфера хайру мақдамашон бигӯянд. Вале... Вале куҷоянд он гаҳворашон аз само фаромадагон? Куҷоянд он зару зевар, кӯҳандизу қаср, осору тамаддунҳои бо умеди умри ҷовидонӣ ба арзи вуҷуд оварда? Куҷоянд?
   Хомӯшӣ? Ку бурҳонҳои қотеъат? Оё ту нерӯи аҷдодонатро дифо намуданро  дорӣ? На! Дилетанти ба симои хеш ниқоби хирадмандиро кашида! Ту хасестӣ,ки болои амвоҷи уқёнус медавӣ, вале худро кашшофу донандаи асрори зери он мепиндорӣ.  
   Растохезҳои даҳшатангезе, ки  дар бадани пора- пораи хунини ман зуҳур намуданд, он худмағрурон, худкӯрон, худношиносонро ба вартаи ҳалокати хеш даркашиданд, то аз он кӯрнамаку хиёнатгарон ному нишоне намонад...
   Дар оғӯши хеш он фарзандонам абадӣ маъво хоҳанд гирифт, ки дар бадбахтиву хушбахтӣ, ғаму андуҳ, гармиву сардӣ, нокомию нокасиҳо, ҳамеша бо ман буданд, ба рӯҳи беморам ғизои маънавӣ мебахшиданд, пайкари маҷрӯҳу зерипошудаамро тармиму табобат месохтанд, дар танҳоию рӯҳафтодагиҳо роздону ҳолдон буданд! Онҳо ҳар як гомашонро чун ту ба ҳисоби фоидаву зарар андоз наменамуданд! Ба оҷизе, ки дигар нерӯи ба пой истоданро надорад, бо нияти оянда аз ӯ манфиате ситондан даст дароз наменамуданд. Хушбахтӣ ва мояи ягонаи ҳаёташон ба атрофиёну наздикон кӯмак овардан, монеъаҳои дар сари роҳи аҷдодонашон хуфтаро сипарӣ намудан, ҳаёти хешро барои ғояҳои олӣ фидо намудан, ҷонашонро баҳри наздикону номусу ном нисор сохтанро барномаи ҳаёти хеш меҳисобиданд.
   Ман туро, эй инсони зихудрафта, баҳри он наофаридаам, то умре аз дурахши хеш фараҳ барию дар гардунҳои пуршаъну шукӯҳ бол бизанӣ ва худро худои вопасини назми гетӣ бихонӣ. Ман он истеъдодро барои он ба ту ато нанамудаам, ки хешу наздиконро ситоиш бинмоиву мизони фоидаро дида ба маддоҳ табдил биёбӣ. Ман он машъали муқаддаси суханро ба он умед ба дасти ту наниҳодаам, ки аз он ба худ муҷассамаҳои  осмонбӯсу сар бар гардун ниҳода бибардорӣ. На! На!! На!!!
   Куҷост он шоҳроҳе, ки ба дилу ботини инсон кушодаӣ? Куҷост?? Куҷост? Куҷост???
   Чун ҳамеша хомӯшу  сардӣ! Куҷост? Он сухандониву суханбозӣ, он софизиме, ки ҳамаро мафтуни хеш сохта, рақибонатро дар ваъзияти нобозӣ мемондӣ?
   Ту инсонро аз модараш Табиат ҷудо бинмудаӣ! Ӯ кунун аз марзи маҳдуди ғаразҳои хеш берун ҷаҳида наметавонад ва ҷуз чор девори тахтасангине, ки ӯро иҳота кардаанд, дигар чизеро надидааст ва дидан ҳам намехоҳад. Ӯ бо хираду дили сард ба атроф назари беҳис меафканад. Оё ин фарзанди ливобардори нигилизм тулуъи хуршед, вазиши шамол, сипеҳри дар ахтар ғарқшуда, воҳаҳои беканор, парвози шапаракҳо, навои паррадагон, садои ҷӯй, суруди борон, нурафкании моҳтоб, тобишҳои тирукамон, аллаи модару зебоии табиатро дарк карда метавонад? Ҳеҷ гоҳ! Барои дарк намудан дил доштан лозим. Дил!!! Дили ҳасос, дили зан, дили тифл, дили дардошнову зебопараст. На он диле ки дар ботини шумоён метапад. Шумо ҳамаро - ҳиссёти поки инсониву робитаҳои муқаддас, меҳр, муҳаббат, кӯмакро бо мизони фоидаву зарар бармекашед, зеро шумоён ҳаёти дурӯзаро медонед ва мехоҳед, ки дар муддати ночизе ҳамаи кайфияитҳои мақбулу номақбулро бичашед. Шумоён ғуломед! Ғуломи бадани хеш... Маҳбуси зиндои худ...
   Ин роҳгумзадагону дар торикӣ афтодагонро бояд аз банди асорати абадӣ наҷот дод. Ба ботини тираи ин беминомондагон нурро равона сохт, то ба дилу сарду беҳисашон ҳарорат бубахшад, ҳазорхонаҳои тангу тори шуурро равшан бинмояд, аз хоби сакта бедорашон созад...
   Писарчае шеъри нахустин дар даст дар назди ҳуҷраат шармида бозистодааст, аммо нерӯи гоме ба пеш гузоштанро надорад. Дар симои тифлонааш ин сонияҳо  чӣ қадар, ҳаё, тарс, умед, таҷассум ёфтаанд. Билохир дасти нафис дарро оҳиста ба сӯяш мекашад. Садои нозуки ларзанда "мункин- мӣ" гӯён қадами ноустуворе мениҳад. Чун бузургвор ту сар набардошта саҳл калла меҷунбонӣ ва лаҳзае пас айнаки зарринатро ба сӯйе гузошта бо овози сарду фӯлодин мепурсӣ:
   Ҳм... Чӣ корат буд, бача?
   Чун оҳубаррача аз ин садои дур аз ҳиссиёти инсонӣ хешро лаҳзае гум мекунад ва мегӯяд:  
 -Шеър овардам... Ин посухро чӣ қадар ҳаяҷони ботиниву оҷизияти тифлониест. Шеърро мехонӣ. Боварият намеояд, ки  тифлаке чунин шеъри олиҷаноб иншо кардааст. Дар ботинат нисбат ба ин тифли бегуноҳ бадбинии ниҳоние падид меояд. Ту ки як умр эҷод мекунӣ, то ҳол чунинашро нанавиштаӣ, ин туро ба ғазаб меоварад. Оҳиста аз қоғаз нигаҳатро бардошта, сар то пояшро синчакунон бо нафрати ниҳоние аз назар мегузаронӣ ва мепурсӣ:
   Мункин, дуздида бошӣ-а?
   Ин сонияҳо барои ӯ гардун пора- пора мегардад, сайёра аз меҳвараш берун меҷаҳад, замини зери пояш фурӯ меравад, уқёнус медамад, кӯҳҳо сарозер мераванд...
  Чашмони маъсумашро ашк зер мекунад. Бо шаст дарро пӯшида мегурезад...
  Мегурезад... Мегурезад... Мегурезад...
  Аз худхӯроне, ки ботини хӯдро мехӯранд. Аз сиёҳтинатоне, ки дар ҳама сиёҳиро мебинанд. Аз нокасоне, ки пас аз худ ба ворисон хокистар мегузоранд. Ту қотилӣ! Боз як фарзанди маро рӯҳан куштӣ! Баҳри он ки ман як шоире биофарам, чӣ заҳматҳои дӯзахинро сипарӣ намесозам. Аз миллионҳо яторо интихоб менамоям ва он нури илоҳиро ба дасташ мегузорам, то ботини шумо худгумкардагонро, равшан бисозад, асрори ҳаёту мамотро шарҳ бидиҳаду ба чашмони  оҷизу сардатон нуру ҳарорат бахшад, вале ту барин қотилон он шукуфаҳои нумӯ накардаро маҳв месозед, торикиро беҳ медонед. Равшанӣ бароятон ваҳмовар аст, зеро он бадафтиҳои шумоёнро ба мадди назари атрофиён мегузорад.
   Ту бо шеърҳоят ба чор тараф чор мезанӣ, ки маро тасаруф сохтаию ман ба зону омадам ва маҳбуси туям. Эй фарди зи худрафта, он дигаргуниҳои ночизе, ки дар бадани ман ба амал овардаӣ, магар онро пирӯзӣ  меҳисобӣ?
   Ман онҳоро дар сонияе сарнагун месозам ва аз ғалабаи ту заррае дар кайҳон нахоҳад монд. Он ҳамқабилагони ту ки компютеру сафинаҳо реакторҳои зарравию таёраҳои фавқулсадо месозанд, оё нерӯи онро доранд, чун ман мӯре ё манзарае биофаранд. На! Ҳеҷ гоҳ! 
  Эй маддоҳи берӯй, ки маро оҷиз мехонӣ, ҳангоме, ки бадани ман аз дарду азобҳои боитинӣ меларзад, дар  чашмони бебоку сарди ту тарс пайдо мешавад, дар ин лаҳза ту ҳамаро фаромӯш месозӣ ва аз катаки осмониат фирор мекунӣ, гарчанде, ки дар гаҳвора тифлат хуфтааст, ин сонияҳо ту бениқобӣ ва то чӣ дараҷа оҷизу нотавонӣ, тарсандаву гурезандаӣ!
   Ту бо нигаҳи нафратангезу пур аз кибру ғурурат гуфтании, ки барои чӣ маҳз имрӯз аз ман ҳисобот мерурсӣ? Наход ҳамаро фаромуш сохтаӣ? Ё шаъну шӯҳрат хирадатро тира сохтаанд?
   Баҳри чӣ ман ба ту дили ҳасосу  асабҳои нафис, тасаввуроти баланд, тахайлоти беинтиҳо ато кардаам? Барои он ки ту маро дарк  бикунӣ, парастишу таранум бинмоӣ, ҳамдаму ҳамнафас бошӣ, бо ман сӯзиву гудозӣ.  Бо чӣ умедҳо ман ба дастони ту машъалро гузоштам. Хамчун модаре, ки аз нахустин гоми кӯдаки худ масру асту ва аз ин дар ботини ӯ орзуҳои рангин ба парвоз медароянду ояндаи офаринишашро заррин мебинаду  ин лвҳзаҳо тасаввуроташ дар бораи пастию ифлосие, ҳар як инсон фурӯ рафтанаш  мункин аст, чизе ба ӯ намегуяд, агар гӯяд ҳам ӯ ин сонияҳо ба ҷузъиёти норазанда аҳмият  намедод, камина низ ба таваҳҳум биафтод.
   Ту гумон дорӣ, ки ҳамаи кирдорҳоят беҷазо мемонанд. На! Тӯфонҳои ман ҳоло хуфтаанд, онҳо бовари комил доранд,ки пас аз растохезҳои даҳшатангез инсон дигаргун гаштааст. Рӯзе онҳо  ин дигаргуниҳоро бо чашмони худ хоҳанд дид ва он сонияҳо ман мехостам, ки ба чащшмони бебоку сарди ту нигарам, эй шоир!
  
    Баҳрҳо меғуриданд. Дарёҳо маҷрои нав ҷуста ҳамаро сарнагун месохтанд. Кӯлҳо аз ашк лавбрез гашта медамиданд. Замин аз сиришкҳо фиғон бар гардун месазд!
  
     Мегирист... Мегирист... Мегирист...




 Ҳабиб Саид     соли 1985       Душанбе