Устод Раҳнаварди Дарёгард - 
                       сардафтари адабиёти турк

(гротекс)

  
 Пас аз он ки устод Раҳнаварди Дарёгард баҳри романҳои истеҳсолиашон - "Сантехника ва робототехника", "Равғани мӯйлаб ва услубҳои истеҳсоли он", "Технологияи истеҳсоли чарби кенгуру", "Набарди чуту компютер", "Ангишканони динозаврсавор", "ВКП(б)+НКВД=Бародарони қиёматӣ", - ҷоизаи созмонҳои мухталиф - чармгарон, кадупарварон, шалғампарварон, морбозон, сагбозон, тимсоҳпарварон, бинидарозон, рудадарозон, носкашон, хабаркашон, шутурмурғсаворон, пивонӯшонро... соҳиб шуданд, аз ҳар тараф садоҳо баланд мешуд, ки "Устод, романе бинвисед, ки мукофоти Нобелро низ ба дом афтонад. Шумо фарди номбардори миллати моед, бояд ин мукофотро бо кадом роҳе набошад ба ҷайбатон бигузоред. Дигар қаламдарозон аз истеъдоди илоҳӣ маҳруманд, онон ин амали шарифро пиёда карда наметавонад. Ҳамаи умедамон ба шумо нигаронида шудааст". Уcтод Раҳнаварди Дарёгард аз пазиройии ҳаводорону соҳибони миллат нисбати шахсияти табаруккашон мамун бигашта билохир ин нияти муборакро пазируфтанд. Вале  душманони ашаддиашон, се ёр аз як диёр - Ахтари Гардун, Субур Убур, Фурӯзонфар Зарриндаст хомӯш буданд, бурдҳои паёпайи устод ёронро  ба ситезиш меовард. Овозаҳо ба гӯши устод мерасид, ки се ёрон перомуни эшон китоби азиме пур аз сиёҳкориҳои  ин шахси мӯҳтарамро ба чоп омода сохта истоданд, то устодро  аз тахти шаъну шӯҳрат  фуруд оварда шармсор бисозанд.

Аммо устод ҳоло ба тарҳрезии нақшаи романи замон банд буданд, орзу доштанд чунон романе бинвисанд, ки то ҳол ба қаламбадасте муйяссар  нагашта ва мавзуяшро низ то кунун шӯҳратталабе назар надухта бошад. Пас аз маслиҳатҳо  бо ҳаводорону шогирдон ҳаммаҳаллаву мунақидони шахсӣ, ба хулосае омаданд, ки андар роман бояд оиди зиндаги ду кайк сухан ронда ва ба худ номи дилошуби "Ишқки ду кайк дар шароити сотсиализими мутараққӣ"-ро гирад. Шогирдон фавран баҳри устодашон шароити кори эҷодиро муҳаё  намуданд. Зери заррабини электрони ду кайкро сар бидоданд ва устод ҳаёти онҳоро пайваста омӯхта романи давру замонҳоро менавиштанд. Ва ба ногоҳ андар саҳфаи 999 999-ум устод дармонданд. Кайкҳо пас аз ишқи тулони дар шароити сотсиализими мутарақи бояд ба форматсияи ҷадид ҷаъмиятӣ мегузаштанд, вале устод ҳайрон буданд, ки кайконро ба кадом форматсия бигузаронанд. Зеро аз коммунизм ҳама бармаҳал даст кашида буданд. Фикру андеша, пажуҳишҳои тулонӣ, таҳлилу ташхиси сангин устодро ҷисману рӯҳан заиф бинмуда аз пой биафтонда ба хоби гарон  равонсохт. Кушиши пзишкон суде набахшид. Устод бедор нашуданд. Атрофиён, диданд, ки имконияти устоди мӯҳтарамро аз хоб берун овардан нест, ноилоҷ ба сарнавишт тан бидоданд. Ҳамин тур устоди арҷманд ба хоби тулонӣ бирафтанд.
Пас аз 99 солу 99 рӯзу 99 соат устод аз хоб бедор гашта дуру дароз мутаҳайир ба шифт дида дӯхта монданд. Тадриҷан ба хотири устод биомад, ки ҳини эҷоди романи аср он кас ба хоби вазнин афтоданд. Нимхез шуда майл намуданд, ки ба дастнавису кайкҳо нигаранд, вале аз ҳарду нишоне набуд.- Худоё, куҷоянд онҳо? Устод бо азобе аз ҷой бархостанд. Пойҳо месухтанд. Нидо бароварданд, то касе ба кумакашон бишитобад, аммо нафаре пайдо нашуд. Ноилоҷ деворро дошта то баромадгоҳ рафтанд.  Дар саҳни ҳавли касе набуд. - Аҷоиб! Андоми ҳавли тамоман дигаргун гаштааст. Оҳиста - оҳиста гом ниҳода то назди дарвоза расида  болои харак нишастанд. Кӯча холи буд. Ногоҳ нигаҳашон ба навиштаҷоти болои дарвоза насб шуда бархӯрд. Чашмон аз косахонашон баромада ҳуш аз сари устод парид. Бовариашон наомад аз нав бихонданд. Бо туркӣ: "Дар ин ҳавли  яке аз саромадони адабиёти истеҳсолии турк - Раҳнаварди Дарёгард уғли  зиндагӣ бинмудааст", бинвиштаанд. -Худоё ин чӣ гап? Ё ман хобам? Аз кай боз ман саромади адабиёти истеҳсолии турк шудам? Ҳамин вақт ду писарбача бо туркӣ гуфтугузоркунон тозон гузаштанд Во аҷабо! Дар ин маҳалла ҳеҷ гоҳ туркҳо маскун надоштанд. Устод аз ҷой бархоста фосилае ҳайрон биистонанд. Ё ҳамаи ин хоб аст? Хостанд то саргаҳи кӯча  бирафта бо касе вохӯрда ба ин табдилёбии ғайриоддӣ рушание биандозанд. Дар назди кудакистон бозистода монданд. Таваҷҷуҳи эшонро матни болои даромадгоҳ ба худ кашид: "Кудакистони  № 997 ба номи шоири намоёни турк Субур Убур Афандӣ". Андар паҳлуи матн расми шоирро овехтаанд, ки дар сар кулоҳи туркӣ дошт. -Худоё! Ин лули имрӯз боз турк шудааст-мӣ? Аз дасти ин касофат ман рӯзи нека надидам. Дар ҳар қадам аз пеши пои ман мебурод. Устод нафрати хешро дошта натавониста сангеро бардошта ба самти шоири намоёни турк Субур Убур Афандӣ андохтанд. Шиша пора пора шуда расм афтод. Равуокунандагон бо туркӣ ҳарф мезаданд. Устод аз чанде суол карда то ваъзиятро аён созанд. Вале ҳамагон бо ҳайрат ба пурсанда менигаристанд, гӯё бо лафзи аҷнабиён аз онҳо суол мекарданд. Дар саргаҳи кӯча  низ ягон шиносеро дучор наомада ба лаби ҷӯй нишастанд. Нигоҳашон ба расми бузурги андар даромадгоҳи кӯча овехта афтод, ки андар зераш нигоштаанд: "Ин кӯча номи саромади адабиёти истеҳсолии турк - Раҳнаварди Дарёгардро дорад". Расм бо симои устод умумияте надошт. Чашмони мешӣ, устухонҳои барҷастайи рӯй, пешонаи кутоҳ, -хуллас андомашонро ба муғул монанд кардаанд. Устод сангеро бардошта хостанд, ки акси  муғулнаждоди номи муборакашонро рабударо вожгун бисозанд, аммо неруи ниҳоние он касро аз ин амал боздошт. Устод фосилаи зиёде дар асорати андешаҳои мухталиф бимонда дар интиҳо натиҷа бигирифтанд, ки фарқаш чӣ, имрӯз он касро турк мегуянд, муғул мегуянд, манқурт мегуянд, -асосаш, ки эҳтиромашонро ба ҷой  оварда ба номашон кӯчаро гузоштанд, шояд дар ягон гӯшаи шаҳр  ҳоло ҳайкал ҳам қомат барафрохтагист. Дар замонаш Субур Убур ҳам худашро лулӣ намегуфту тоҷик  метарошид, мана боз имрӯз Субур Убур Афандӣ турк шудааст. Насиб бошад бо мадади туркҳо романи замон "Ишқи ду кайк дар шароити сотсиализими мутарақӣ"-ро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод намуда билохир онро ба дом меафтонам. Устод аз ҷой бархостанд, вале ин даъфа аксашон ба назарашон гарм намуд. Кунун камбудиҳои нахустинро дар он намедиданд.


             
                               Ҳабиб Саид      соли 1992         Душанбе