Каждум
                                                                         (ҳикояи ҳаҷвӣ) 
    Хонаро чароғи рӯи мизи хира равшан месохт, марди дар курсии нимдошту рангпарида нишаста дастони харобу нисбатан дарозашро пеши бар гирифта ба фикр фурӯ рафтааст. Рӯи дарози серожанг, абрӯвони ба косахонаи чашм хамида, чашмони хурди чун чашмони моҳӣ беҳаракат, мижаҳои тез-тез ба ҳамдигар бархӯранда, бинии дароз, даҳони чӯкида, манаҳи борик,- хуллас ҳамаи ин ҷузъиёти зоҳирӣ, касро фавран аз худ тела медод.
  

Дуру дароз ба қаламу қоғази дар дасташ буда маҳзунона нигариста монд. Имшаб ҳам ба шуғли дӯстдоштааш, ки ягона мояи ҳаёташ мебошад, даст заданист, вале аз ҳазорхонаи майнааш чизеро  берун оварда наметавонист. Аз ноомади кор дилтанг шуда аз ҷояш  хеста ба қадамзанӣ даромад. Садои ғиҷирроси дари ҳамсояро  шунида, чун даррандаи наздик будани сайдро пайхас карда  нӯг-нӯги по эҳтиёткории моронае худро назди дар гирифта, гӯшашро ба сурохи калидгузаронӣ ҷафс намуд. Овози гуфтугӯи зану мард ба гӯш расид:         "Ерии таҷилӣ"-ро ҷеғ занеду худатон ба сари роҳ баромада истед, то ки бечораҳо ним соати дигар хонаатонро накобанд, ҳарораташ дақика ба дақиқа баланд шуда истодааст, ҳар сония ғанимат. -Хуб шудааст, хуб шудааст, ҷонакам, ту даро, кӯдакро танҳо нагузор, ман ҳозир гирифта мебиёрам...
   Ва баъд садои бо сураъат аз зинапояҳо фаромадани мард ба гӯш расид. Аз шунидани ин гуфтугузор дар чашмонаш шӯълаи мамнуният, лаҳзае барқ зад.
Боз аз нав гаштугузорашро идома дод. Асбобу анҷоми хона гӯё  ба хислату тинати соҳибаш пурагие медароварданд. Фарши бепалосу дер боз рангро надида дивани кӯҳнаи чиркини ҷо-ҷо пахтаҳояш баромада, пардаҳои фарсудаи тиреза, ки гоҳо барои соҳибхона вазифаи дастпоккунро ба ҷой меоварданд, расмҳои  аз маҷаллаҳо бурида шуда, ки бетартибона дар девор ҷой гирифтанд, мизу курсии ниҳоят кӯҳнасохт, ки бо нархи ночизе ба даст даромадааст, дафтару рӯзномаҳои чангзеркардаи болои миз, сару либосҳои ба мехҳои танбалона пастобаланд ба девор зада шуда овезон,  буду шуди кулбаву соҳибашро ташкил медоданд.
   Ба ҷояш гузашта қаламро ба даст гирифт, вале он барои ба болои қоғаз фаромадан саркашӣ мекард. Сарашро мобайни дастонаш гирифта, боз ба фикр фурӯ рафт. Вақти дуру дарозе ба ҳамин минвол гузашт. Дид, ки кораш пеш нарафта истодааст, бо рӯи турушу табъи гирифта рахти хобро дуруст намуд. Либосҳояшро бо як беҳавсалагии ба шахси димоғсӯхта хос кашида ба болои фарш ҳаво дод. Ҳайрон буд ки бо ӯ чӣ рӯй додааст? Имшаб ягон чизи тозаву нишонрасе дар каллааш пайдо нашуд. Ё аз ҳамаи ин монда шудааст-мӣ?
   Ё ин бӯҳрони муваққатист, ки ӯро аз кораш бозмедорад? Гурбаи ҳамсоя чӣ? Не, ин ниҳоят хандаовар мебаромад, одамон худашон басу барзиётианд ба гурба навбат ҳам намерасад. Гуфтагӣ барин, гурба ба наздикӣ тарки дунё кард-ку. Ягон чизи обнарасида даркор. Як ба як сокинони ҳавлиҳои гирду атрофро аз мадди назар гузаронид, солҳои гуногун дар бораи ҳамаашон қариб як чиз ним чиз иншо кардааст. Хобаш намебурд, гӯё чизе роҳи нафасашро гирифта нафаскашиашро сония ба сония душвортар мегардонд. Ноилоҷ аз ҷояш хост, ҳис намуд, ки ба ӯ чизе нарасида истодааст. Чӣ? Худаш ҳам намедонист. Бо тани нимбараҳна арвоҳи аз гӯр баромадаро мемонд. Гӯё болои устухонҳояш пӯст кашидаанд. Дастони лоғару панҷаҳои дароз, ки манзараро боз ҳам ғамгинтар мегардонд. Чароғро даргиронду қаламро ба даст гирифта лаҳзае ба нуқтае чашм дӯхта истод. Ганҷи ҷустуҷӯйкардаашро ёфт магар, ки дар лабонаш табассуми заҳромез пайдо шуд. Акнун қалам бо шитоби фавқулодае ба рӯйи қоғаз чун моку ба рафтуо даромад: "Ба сардори шӯъбаи корҳои дохилии райони Марказӣ. Рафиқи аз дида дуру ба дил наздик, баробари мактуби худ ба шумо маълум менамоям, ки сокини хонаи 69, ҳуҷраи 26, кӯчаи Кирпичная,- Бӯриқул Асобердиев солҳои сол аст, ки зиндагии ба ҷамъияти мо рост наояндаро пеш гирифтааст. Баъди хатми мактаби ҳафтсола чанд муддат дар деҳа дарси забону адабиётро бурд. Ҳангоми тафтиш аз тарафи кормандони шӯъбаи маориф муайян гардид, ки омӯзгори ҷавон ба ҷойи сабақ ба тлибилмон саргузашту тӯйгардиҳои худро нақл мекардааст. Ва ин кашфиёт сабабгори он шуд,ки кафшашро  аз даргоҳи мактаб берун гузоранд. Баъди ин ҳодиса Бӯриқул чанд муддат дар бозор пешаи далолиро ба ҷой оварда чойпулии кори калоне  ба даст меафтонд, аммо дар он ҷой ҳам пеши по хӯрд. Дид, ки акнун дар ин ноҳия як бурида нонро ба осонӣ ёфтан муяссараш нахоҳад шуд, роҳи шаҳрро пеш гирифта дар назди мулло Раҷабқул шогирд истод. Баъди соҳиби  саллаву номи муллогӣ шудан чанд сол дар деҳаи Дӯғоба фитри рӯза ғундошта дар бораи имрӯзу фардои қиёмат панду насиҳатҳо хонда бисёр бандагонро ба роҳи дин далолат кард. Мулло Бӯриқул дар ин ҳангом ба духтари яке аз муридонаш дил бой дода, чун саги сӯзанхӯрда беқарор мегардад. Сӯзу гудози "Маҷнуни" и бебиёбон ба духтарак асар намекунад ва пулу тӯҳфаҳои гаронбаҳо ҳам дили ӯро  нарм намесозад. Косаи сабру қарори мулло Бӯриқулбой лабрез мегардаду ба номуси духтар даст мезанад..."
   Нохост қалам худ аз худ дар ҷояш истода монд. Охир, ӯ чӣ кор карда истодааст? Ин шикоятнома дар бораи худаш-ку? Аз чояш нимхез шуда хост қоғазро даронад, аммо ким-кадом нерӯи ниҳонӣ ӯро ба курсӣ шинонд. Қалам боз ба ҳаракат даромад.
    "...Баъди дувоздаҳ сол дар дорулахлоқ дарси "ишқу ошиқӣ" омӯхтан, Бӯриқулбой дар заводи хишт ба кор медарояд. Дар ин муддат хешу табор, фарзандонаш аз ӯ рӯй мегардонанд ва худаш ҳам ба он тараф қадам намениҳад. Корхона ба ӯ аз ҳавлии навсохташуда як ҳуҷра ҷудо мекунад ва ин ҳуҷра дар давоми бисту ду сол вазифаи маркази бо тӯҳмату шикоят таъмин  намудани идораву редаксияҳои гуногунро иҷро карда меояд. Дар гирду атроф ягон шахсе, гурбае, саге ё гӯсфанде намондааст, ки ӯ дар бораашон шикоятномае нанавишта бошад. Редаксияву идораҳои партиявию советӣ аз ин шикоятномаҳои беимзо ба дод омадаанд! Дар ҷамъияти мо барои чунин одамон ҷой нест! Бигузор ононе, ки бо пайкари бадафташон пеши нури хуршеди коммунизимро мепӯшонанд, дар ахлоттӯдаи сосиализим ҷойи худро биёбанд!
   Бо эҳтиром, хизматгори содиқу бовафои халқ. Маро маъзур доред, ки ба навиштани номи худ ҷуръат намекунам..."
   Ин лаҳза симояш ифодаи даррандаи аз хуни тӯъмааш ташнагиашро шикастаро дошт. Дар чашмонаш нишонаи мамнунияту ҳаловат падидор шуданд. Аз хурсандӣ дастонашро ба ҳамдигар мефишурд. Баъди чанде ӯро хоб бурд. Чеҳрааш бошад дар худ ҳамон ифодаи мамнуниятро нигаҳ медошт.

                               Ҳабиб Саид     соли 1982          Душанбе