Устод Раҳнавардӣ Дарёгард - сардафтари адабиёти турк


                           Устод Раҳнавардӣ Дарёгард - сардафтари адабиёти турк
                                                                       (гротеск)

   Пас аз он ки устод Раҳнавардӣ Дарёгард баҳри романҳои истеҳсолиашон - "Сантехника ва робототехника", "Равғани мӯйлаб ва услубҳои истеҳсоли он", "Технологияи истеҳсоли чарби кенгуру", "Набарди чӯту компютер", "Ангиштканони динозаврсавор", "ВКП(б)+НКВД=Бародарони қиёматӣ", - ҷоизаи созмонҳои мухталиф - чармгарон, кадупарварон, шалғампарварон, морбозон, сагбозон, тимсоҳпарварон, бинидарозон, рӯдадарозон, носкашон, хабаркашон, шутурмурғсаворон, пивонӯшонро... соҳиб шуданд, аз ҳар тараф садоҳо баланд мешуд, ки - Устод, романе бинвисед, ки мукофоти Нобелро низ ба дом афтонад. Шумо фарди номбардори миллати моед, бояд ин мукофотро бо кадом роҳе
набошад ба ҷайбатон бигузоред. Дигар қаламдарозон аз истеъдоди илоҳӣ маҳруманд, онон ин амали шарифро пиёда карда наметавонад. Ҳамаи умедамон ба шумо нигаронида шудааст…
Уcтод Раҳнавардӣ Дарёгард аз пазироии ҳаводорону соҳибони миллат нисбати шахсияти табаррукашон мамнун бигашта билохир ин нияти муборакро пазируфтанд. Вале душманони ашаддиашон, се ёр аз як диёр - Ахтари Гардун, Субур Убур, Фурӯзонфар Зарриндаст хомӯш буданд, бурдҳои паёпайӣ устод ёронро ба ситезиш меовард. Овозаҳо ба гӯши устод мерасид, ки се ёрон перомуни эшон китоби азиме пур аз сиёҳкориҳои ин шахси мӯҳтарамро ба чоп омода сохта истоданд, то устодро аз тахти шаъну шӯҳрат фуруд оварда шармсор бисозанд.

Аммо устод ҳоло ба тарҳрезии нақшаи романи замон банд буданд, орзу доштанд чунон романе бинвисанд, ки то ҳол ба қаламбадасте муяссар нагашта мавз
ӯяшро низ то кунун шӯҳратталабе зери назар нагирифта бошад. Пас аз маслиҳатҳо бо ҳаводорону шогирдон ҳаммаҳаллаву мунаққидони шахсӣ, ба хулосае омаданд, ки андар роман бояд оиди зиндагӣ ду кайк сухан ронда ва ба худ номи дилошӯби "Ишқи ду кайк дар шароити сотсиализими мутараққӣ"-ро гирад. Шогирдон фавран баҳри устодашон шароити кори эҷодиро муҳаё намуданд. Зери заррабини электронӣ ду кайкро сар бидоданд ва устод ҳаёти онҳоро пайваста омӯхта романи давру замонҳоро менавиштанд. Ва ба ногоҳ андар саҳфаи 999 999-ум устод дармонданд. Кайкҳо пас аз ишқи тӯлонӣ дар шароити сотсиализими мутараққӣ бояд ба форматсияи ҷадиди ҷаъмиятӣ мегузаштанд, вале устод ҳайрон буданд, ки кайконро ба кадом форматсия бигузаронанд. Зеро аз коммунизм ҳама бармаҳал даст кашида буданд. Фикру андеша, пажуҳишҳои тӯлонӣ, таҳлилу ташхиси сангин устодро ҷисману рӯҳан заиф бинмуда аз пой биафтонда ба хоби гарон равон сохт. Кушиши пзишкон суде набахшид. Устод бедор нашуданд. Атрофиён, диданд, ки имконияти устоди мӯҳтарамро аз хоб берун овардан нест, ноилоҷ ба сарнавишт тан бидоданд. Ҳамин тур устоди арҷманд ба хоби тулонӣ бирафтанд.
   Пас аз 99 солу 99 рӯзу 99 соат устод аз хоб бедор гашта дуру дароз мутаҳаййир ба шифт дида дӯхта монданд. Тадриҷан ба хотири устод бирасид, ки ҳангоми эҷоди романи аср он кас ба хоби вазнин афтоданд. Нимхез шуда майл намуданд, ки ба дастнавису кайкҳо нигаранд, вале аз ҳарду нишоне набуд.- Худоё, куҷоянд онҳо? Устод бо азобе аз ҷой бархостанд. Пойҳо месӯхтанд. Нидо бароварданд, то касе ба кумакашон бишитобад, аммо нафаре пайдо нашуд. Ноилоҷ деворро дошта то баромадгоҳ рафтанд. Дар саҳни ҳавлӣ касе набуд. - Аҷоиб! Андоми ҳавлӣ тамоман дигаргун гаштааст. Оҳиста - оҳиста гом ниҳода то назди дарвоза расида болои харак нишастанд. Кӯча холӣ буд. Ногоҳ нигаҳашон ба навиштаҷоти болои дарвоза насб шуда бархӯрд. Чашмон аз косахонашон баромада ҳуш аз сари устод парид. Бовариашон наомад аз нав бихонданд. Бо туркӣ: "Дар ин ҳавлӣ яке аз саромадони адабиёти истеҳсолии турк - Раҳнавардӣ Дарёгард ӯғли зиндагӣ бинмудааст", бинвиштаанд. - Худоё ин чӣ гап? Ё ман хобам? Аз кай боз ман саромади адабиёти истеҳсолии турк шудам? Ҳамин вақт ду писарбача бо туркӣ гуфтугузоркунон тозон гузаштанд. Во аҷабо! Дар ин маҳалла ҳеҷ гоҳ туркҳо намезистанд? Устод аз ҷой бархоста фосилае ҳайрон биистонанд. Ё ҳамаи ин хоб аст? Хостанд то саргаҳи кӯча бирафта бо касе вохӯрда ба ин табдилёбии ғайриодӣ рӯшание биандозанд. Дар назди кудакистон бозистоданд. Таваҷҷуҳи эшонро матни болои даромадгоҳ ба худ кашид: "Кудакистони № 997 ба номи шоири намоёни турк Субур Убур Афандӣ". Андар паҳлуи матн расми шоирро овехтаанд, ки дар сар кулоҳи туркӣ дошт. - Худоё! Ин лӯлӣ имрӯз боз турк шудааст-мӣ? Аз дасти ин касофат ман рӯзи нека надидам. Дар ҳар қадам аз пеши пои ман мебурод. Устод нафрати хешро дошта натавониста сангеро бардошта ба самти шоири намоёни турк Субур Убур Афандӣ андохтанд. Шиша пора - пора шуда расм афтод. Равуокунандагон бо туркӣ ҳарф мезаданд. Устод аз чанде суол карданд, то ваъзиятро аён созанд. Вале ҳамагон бо ҳайрат ба пурсанда менигаристанд, гӯё бо лафзӣ аҷнабиён аз онҳо суол мекарданд. Дар саргаҳи кӯча низ ягон шиносеро дучор наомада бар лаби ҷӯй нишастанд. Нигоҳашон ба расми бузурги андар даромадгоҳи кӯча овехта афтод, ки зераш нигоштаанд: "Ин кӯча номи саромади адабиёти истеҳсолии турк - Раҳнавардӣ Дарёгардро дорад". Расм бо симои устод умумияте надошт. Чашмони мешӣ, устухонҳои барҷастайи рӯй, пешонаи кутоҳ, -хуллас андомашонро ба муғул монанд кардаанд. Устод сангеро бардошта хостанд, ки акси муғулнаждоди номи муборакашонро рабударо вожгун бисозанд, аммо неруи ниҳоние он касро аз ин амал боздошт. Устод фосилаи зиёде дар асорати андешаҳои мухталиф бимонда дар интиҳо натиҷа бигирифтанд, ки фарқаш чӣ, имрӯз он касро турк мегуянд, муғул мегуянд, манқурт мегуянд, - асосаш, ки эҳтиромашонро ба ҷой оварда ба номашон кӯчаро гузоштанд, шояд дар ягон гӯшаи шаҳр ҳоло ҳайкал ҳам қомат барафрохтагист. Дар замонаш Субур Убур ҳам худашро лӯлӣ намегуфту тоҷик метарошид, мана боз имрӯз Субур Убур Афандӣ турк шудааст. Насиб бошад бо мадади туркҳо романи замон "Ишқи ду кайк дар шароити сотсиализими мутараққӣ"-ро ба ҷоизаи Нобел пешниҳод намуда билохир онро ба дом меафтонам. Устод аз ҷой бархостанд, вале ин даъфа аксашон ба назарашон гарм намуд. Кунун камбудиҳои нахустинро дар он намедиданд.

                                    Ҳабиб Саид, соли 1992, ш. Душанбе