Нома
(ҳикоя)
Маҷаллаи "Занони Тоҷикистон", феврали соли 1989
Машина пардаи
ҳарири боронро бурида дар назди бинои баландошёнае қарор гирифт ва аз он зани
миёнасоле чатрро во намуда берун омад. Хам шуда ба гӯши ронанда чизе гуфт ва
бӯсае бахшида ба самти даромадгоҳ раҳсипор гашт. Аз паёмдон рӯзномаву
маҷаллаҳоро гирифта сарсарӣ аз назар гузаронида ба лифт даромад. Дар ошёнаи
охирин хориҷ шуда дуру дароз анбонашро кофт ва билохир аз даруни майда чуйдаи
зиёди бетартибона хобрафтаи занона калидро дарёфт. Борониашро кашида ба ойна
наздик омада ба чеҳраи коҳидааш, ки далели ишратпарастиҳои бардавом буданд,
зеҳн монд.
Гесуи аз пардозу ранги
зиёди сунъӣ дода, ки латофати табииашро гум кардааст,