Буте, ки дил мехӯрд 
                                                                                                          (новелла)

     Пироҳани нафис пайкари саврандомро ба оғӯш кашида аз ин гӯё чун Маҷнуни ба висол расида хушнуду масрур аст. Ангуштони нозуки акобирона ба даҳони латиф оҳиста пораи дили бирёнро мегузорад, дандонҳои оҷмонанд сонияе пас ба пора намудани он мепардозанд. Симои дилрабову падидае аз ғаму андӯҳи дунявиро дар хеш таҷассум насохта дар лаҳзаи нахустини дидор касро афсун намуда хирадро карахт месозад ва он ҳине ки ба худ омада ба таҳлили ин шоҳкории табиат оғоз менамоед, шуморо даҳшати ниҳоние фаро мегираду дар бадан рашъа медавад. Ин эъҷози зиндаи даҳр дар чашмони наргиси шаҳло сардии нафратангезеро нисбати инсон сабт намудааст. Маликае, ки азамати нерӯи маҳвсозандаи худро дарк  месозаду ҳазорон ҷонҳое, ки баҳри нақшаҳои худпарастонаву волояш фидо мешаванд, ба сони пари пашшае дар мадди назараш, арзише надорад.

                                            Нома
                                                                               (ҳикоя)  
       
      Машина пардаи ҳарири боронро бурида дар назди бинои баландошёнае қарор гирифт ва аз он зани миёнасоле чатрро во намуда берун омад. Хам шуда ба гӯши ронанда  чизе гуфт ва бӯсае бахшида ба самти даромадгоҳ раҳсипор гашт. Аз паёмдон рӯзномаву маҷаллаҳоро гирифта сар- сарӣ аз назар гузаронида ба лифт даромад. Дар ошёнаи охирин хориҷ шуда дуру дароз  анбонашро кофт ва билохир аз даруни майда чуйдаи зиёди бетартибона хобрафтаи занона калидро дарёфт. Борониашро кашида ба ойна наздик омада ба чеҳраи коҳидааш, ки далели ишратпарастиҳои бардавом буданд, зеҳн монд. 

             Вопасин тоҷик аз сайёраи " Эҳёи маҳвгаштагон"


                                                                   (ҳикояи тахайюлотӣ)

     Осорхонаи Фаноро гӯё интиҳо набуд. Дар он ҳайвоноту наботот, қавму миллатҳои маҳв гаштаро гирд овардаанд. Намоишгоҳи динозаврҳо ӯро бо шаҳомоти хеш мутаҳайир сохт. Хост толори "Садаи вопасин"-ро сатҳӣ аз назар гузаронаду бадар биравад, зеро худро хаста ҳис мекард, вале дар сафи рустаниву паррандагон марди ҷомаву тоқипӯшро дида ҳайрон шуд. Сатрҳои зери хӯса сабтшударо хонд:"Вопасин тоҷик". Яке аз он миллатҳое,ки дар рушду камоли тамаддуни инсоният нақши назаррасе бигузоштааст. Дар садаи вопасин, бӯҳронҳои иқтисоди, иҷтимоиву маънавии ҷомеъа ба  арши аъло расид ва ин миллат фано ёфт... -Худоё, наход ин хилатпӯш ҳамнаждоди ӯст. Гинетикҳо тавассути ҷасаде, ки аз зери пиряхҳо берун кашидаанд ва ҷавҳари ӯро аз он фард эҳё сохтанд. Боре сарвари озмоишгоҳ зимни сӯҳбат хотиррасон намуд, ки шаҷараи ӯ аз миллати  тоҷик  оғоз мегирад. Он сонияҳо тасcаввурот надошт, ки чунин қавме вуҷуд доштааст ва ба он суханон таваҷҷӯҳ зоҳир накард. Лаҳзаи тӯлоние, чун афсунгашта ба хӯса нигариста истод.
  

   
                 Садбарге, ки аёми сармо бишукуфт

                                                                                                 (новелла)
  

     Садои зангула аз интиҳои дарс паём дод. Ӯ ҳамоно банди андешаву хаёлоти хеш менишаст. Норозиёна китобу дафтарҳояшро гирд оварда аз зери миз дипломатро берун кашид. Дохили он садбарги сафедеро дида дар шигифт бимонд. Бо таҳайюр синфро аз назар бигзаронд, бидуни ӯ касе набуд. Зери гул табрикномаи мусаввире мехобид:
"Бениҳоят мамнунам, ки Язди офаридгар ту барин инсонеро андар ин рӯзи саид эҳё бинмудааст. Маҳинбону, ин садбарг дар сафеди дили покатро мемонаду дар назокату латофат низ туро. Хоҳони онам, ки табассумҳои дилфиреб лабонатро, хандаҳои самими рухсораҳоятро ҳамеша мунаввар бисозанд". Ва дар анҷом:"Оне, ки туро мепарастад", нигошта шудааст. Зуд ҳамаро пинҳон сохт.Дастони нафисаш чеҳраи арғувонигаштаашро пӯшонид. "Худоё, ин ҳадяи кист? Зодрӯзашро ба касе нагутааст ку... Пайдо шудани фаррош водор бинмуд, ки синфро тарк гуяд. Ҳаяҷону изтироб оромаш намегузошт, симоҳои мухталифро пайи ҳам пеши назар меовард, то чеҳраи  маҷнуни зери ниқобро муайян бисозад, вале ин муяссар намегашт. Бори дувум аст, ки аз нишастгоҳаш садбарги сафедро дармеёбад. Мартабаи нахуст ҳангоме, ки дар озмуни ровиён пирӯзӣ ба даст овард, аммо он вақт анҷоми поизу гулҳо ҳануз шукуфон буданд ва он бозёфтро тасодуф пиндошт, лекин дар ин зимистони қаҳратун садбаргро аз куҷо меёбанд.

                                     Дафни "сиёсӣ"
                                                                                                         (ҳикоя)

    Хуршед ба миёни гардун расида буд. Ҳарорати баланд нафаскашиву пахтачиниро сония ба сония душвортар месохт. Аксарият рӯйи пешдоманҳо нишаста, каме ҳам бошад, дамашонро рост менамуданд, вале мардони кӯлаҳпӯши химчабардастӣ дар атрофи пахтазор даврзанадаро дида дидан баробар, ба кор мепардохтанд. Кампир дарк намуд, ки дигар нерӯи ҳаракт намуданро надорад. Нафасаш мегирифт. Пойҳояш месӯхтанд. То ки посдорон ӯро набинанд, пешдоманашро зери сар гузошта  лаби ҷӯй дароз кашид. Хаёлот ноаён ӯро ба олами дури рӯзгори гузашта бурд... Духтарчаи кучак аз паси баррачаҳо медавад, меафтад, боз мехезад, баррачаеро ба оғӯш кашида ба сӯйи тифлони нимбараҳнаи ӯро интизор мешитобад... Деҳаи хурди дар доманаи кӯҳ часпида, абрҳои чун пахта сафеду дамидаи оҳиста ба дараи канор ҳаракат намоянда... Садои дафу рубоб, ӯро аспсавор ба ҳавлии домод мебаранд, пойандозкашии ҷавонмардон. Ӯ пешдастӣ намуда пойи домодро зер мекунад. Фарзанди нахустин. Доду фиғон. Муҳоҷират...
  


                                             Марги "Дон Жуан"
                                                                 (ҳикоя)

     Бо азоби зиёде партобҳоро гирд оварда ба зарф рехт. Роҳи нафасашро чизе мегирифт. Арақи ҷабин ба самти даҳон шорида дар он таъми шуреро ба вуҷуд меовард. Миён, бозувон, ангуштон, гӯё дигар неруи заҳмат намуданро надоштанд, ҳамаашон баробар, чун забон як кардагон ба дард даромаданд. Хост лаҳзае истироҳат намояд, вале ҷойи нишаст набуд. Билохир сатили нимшикастаи чиркинеро ёфта бинишаст. Кисаҳои суроху дарбеҳзадаашро дуру дароз кофт ва ниҳоят аз гӯшае сигори зерхӯрдаи арзонбаҳоеро берун овард ва аз ин бозёфт дар ҷеҳрааш табассуми тифлонае шукуфт. Пас аз ду - се кашиш дар ҷисму рӯҳ сабукиеро ҳис намуд. Ҷавонзане зери чинорон бо писарчааш сайругашт дошт. Симояш шинос барин намуд. Ин ҷеҳраи дилкашро дар куҷо дидааст? Зан низ ба ӯ бо таҳаюр  дида дӯхт. Кӣ бошад? Чӣ гуна дилрабост?... Ҳамин лаҳза чизе ба сараш бархӯрда пош хӯрд. Дар як сония сару рӯй аз пасмондаҳои помидори тосидаву шавлау угрои шабмонда пур гардид. Бо дастони ифлос угроҳои овезонро аз назди чашмонаш дур сохт. Писарчаро дид, ки ӯро  ба модараш нишон дода  механдид. Зан аввал ин мазараро дида ба даҳшаит омад ва дар интиҳо хешро дошта натавониста низ хандид. Дарк накмуд, ки латтае дар сараш овезон истодааст, даст бурда  пойҷомаи кӯҳнаи занонаеро пеш овард. Аз ғазаб чун даррандаи захмингашта намедонист ба кӣ дарафтаду ғазабашро ба кадом самт равон созад. Ҳамин лаҳза мошинаи порукаш пайдо шуд. Ронанда  андоми аҷоибу ғароибро дида аз самими дил хандид.


                                           Каждум
                                                                         (ҳикояи ҳаҷвӣ) 
    Хонаро чароғи рӯи мизи хира равшан месохт, марди дар курсии нимдошту рангпарида нишаста дастони харобу нисбатан дарозашро пеши бар гирифта ба фикр фурӯ рафтааст. Рӯи дарози серожанг, абрӯвони ба косахонаи чашм хамида, чашмони хурди чун чашмони моҳӣ беҳаракат, мижаҳои тез-тез ба ҳамдигар бархӯранда, бинии дароз, даҳони чӯкида, манаҳи борик,- хуллас ҳамаи ин ҷузъиёти зоҳирӣ, касро фавран аз худ тела медод.
  


      Дафн дар мазори даҳриён ё парвози каллаи хунин
                                                                        (ҳикояи ҳаҷвӣ)

   Ҷасади кабудгаштаро  соате пеш аз мурдахона оварда буданд, бо формалин омехта хостанд ба зарфи тунугагин ҷой бидиҳанд, вале аз он дараке набуд. Наздикону атрофиён бо симоҳои сарду чашмони хушк ба ҷасади даҳрии ашаддӣ, ки умри хешро баҳри маҳви дину диндорон фидо намудааст, нигариста  аз маргаш афсӯс мехӯрданд. Билохир усто зарфро ҳозир намуд. Бо чашмони хуморӣ лаҳзае ба майит нигаҳ афканда ба сӯйи ҳозирон назари карахте намуд. Яке аз дӯстони раҳаматӣ зуд вазъиятро дарк намуда ба усто шарҳ дод, ки чӣ тур бояд мурдаро ба тобут бигзорад.
  


                                                                             Қасос 
                                                                          (ҳикояи ҳаҷвӣ)

     Дастони бону барин нафису латифашро  пеши бар гирифта муддати тӯлоние кулбаро давр зад. Ногаҳ нигоҳаш  ба китоби зебо ороишёфтаи рӯи миз афтод, фавран дар чашмони айёри обакиаш шӯълаи нафрат аланга зад. Оҳ, нокас! Ту дар инҷоӣ? Оё ту набудиӣ, ки маро эътироф намудан намехостӣ? Обатро ончунон ҷафам, ки аз ту саҳифаҳои холӣ монаду халос. Ин рӯзи саидро дер боз интизор будам, кунун он даррасид ва онро аз даст нахоҳам дод...
  

                       Пайкаре андар оғӯши маркабҳо
                                                                       (ҳикояи ҳаҷвӣ) 

    Айёме, ки дар гардуни беканори адаб ситораи Ахтари Гардун фурӯзон бигашт, ҳарифону дӯстон чунин шаъну шукӯҳро чашмдор набуданд. Рӯзномаву маҷаллаҳо радиову телевизон пайваста перомуни нобиғаи  ҳазораи вопасин - Ахтари Гардун ҳарф мезаданд, намоишҳои рангинро омода месохтанд. Аз чомеъаҳои хукпарварон оғоз намуда то занҳои пивонӯш  ӯро узви  фахрии созмонҳои хеш мехонданд. Баҳри таърих бо ӯ аксҳо мегирифтанд.
                           Яғмогарон ва "умри абадӣ"
                                                                           (ҳикояи ҳаҷвӣ)


  Чароғро хомӯш сохту вориди бистар гашт. Завҷааш бо маром хуррок кашида фикру хаёлро пароканда месохт. Бо туппӣ бинии ҳамсарашро пӯшонд ва садои хурроккаши нисбатан пастар шуд. Андешаҳо боз ба фазои нахустин баргаштанд. Бале, ниҳоят дар сини панҷоҳунуҳсолагӣ мақсади ҳаёти хешро амалӣ намуд. Бо чӣ азобу шиканҷаҳо, хушомаду пешомадҳо, дастовезҳои гарону зиёфатҳои ҷамшедона фарзанди аз ҷон азизу  ширинаш, китоби хотироту ашъораш - "Умри абадзиндаи ман - ифтихори миллати ман"-ро аз дасти чоп берун овард. Пас умри азизу пуршарафаш ройгон нарафтааст. Номи муборакаш абадан дар дафтари таърих бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид. Исми омӯзгори рустоӣ - Абусаттор Абдураҳмонзодаи Абдунорро, ворисон дар сафи номҳои мубораки Рӯдакию Фирдавсӣ, Хаёму Саъдӣ ба забон хоҳанд гирифт. Кунун ягон бӯроне, тӯфоне, зилзилаву офате фарзанди маҳбубашро маҳв сохта наметавонанд. Ӯ чӣ гуна падар аст, ки ғами фардои фарзандашро нахӯрад. Ҳоло он дар ҷоҳи семетра дохили халтаи селофанию сандуқи фӯлодин хобидааст. Ӯ ҳатто он чизро зикр  накмуда монд, ки бисёре аз бузургон ба эътибор нагирифтанд, дар тахтаи махсуси фӯлодин миллаташро бо ҳарфҳои калон - тоҷик навишт, то рӯзе ӯро узбак нахонанд. Асрҳо мегузаранду бостоншиносон фарзанди ӯро аз асорат берун хоҳанд овард ва он лаҳза номи Абусаттор Абдураҳмонзодаи Абунор вирди забони наслҳои ҳазорсолаи панҷум хоҳад гардид...
   

                             Аждарҳои  кайҳони аз саёраи "Аргус - 999"
                                                                    (ҳикояи тахайюлотӣ)

   Кишти бо суръат пеш мерафт. Кайҳонавардони иронинаждод,-Бежани Бармакиён, Ромини Сосониён ин сафар бо хеш астронавтҳои фаронсави - Морис де Россар ва Жан Луи Анриро бигирифтанд. Пас аз он ки бо фарансавиёну америкоиён, чопониёну олмониён саёраи ғайриоддии  дорои мавҷҳои ноаёнро кафш намуданд, пажуҳишҳои тулони ба хулосае овард, ки шояд саёраи мазкур маркази интеллектуалии Каҳкашон асту равишу низомаш тавассути ин саёра идора  шавад. Гарчанде, ки пажуҳишҳо ба анҷом  нарасида буданд, вале кайҳоннавардон бояд ба Замин бармегаштанд, зеро буронҳо оғоз ёфта имконияти кориро маҳдуд месохтанд. Киштии фарансавиён дар вартаи туфон бимонд роҳи  ба он наздикшави набуд ва ногузир то мавсими ҷадид бояд ин ҷо мемонд. Чопониёну олмониён бошанд бармаҳал саёраро тарк гуфта буданд. Астронавтҳои фаронсави  нахостанд, ки бо бо америкоиён дар як кишти бишинанд, лофзаниҳои янкиҳо ба дили ҳама зада буд.


                            Устод Раҳнаварди Дарёгард - 
                       сардафтари адабиёти турк

(гротекс)

  
 Пас аз он ки устод Раҳнаварди Дарёгард баҳри романҳои истеҳсолиашон - "Сантехника ва робототехника", "Равғани мӯйлаб ва услубҳои истеҳсоли он", "Технологияи истеҳсоли чарби кенгуру", "Набарди чуту компютер", "Ангишканони динозаврсавор", "ВКП(б)+НКВД=Бародарони қиёматӣ", - ҷоизаи созмонҳои мухталиф - чармгарон, кадупарварон, шалғампарварон, морбозон, сагбозон, тимсоҳпарварон, бинидарозон, рудадарозон, носкашон, хабаркашон, шутурмурғсаворон, пивонӯшонро... соҳиб шуданд, аз ҳар тараф садоҳо баланд мешуд, ки "Устод, романе бинвисед, ки мукофоти Нобелро низ ба дом афтонад. Шумо фарди номбардори миллати моед, бояд ин мукофотро бо кадом роҳе набошад ба ҷайбатон бигузоред. Дигар қаламдарозон аз истеъдоди илоҳӣ маҳруманд, онон ин амали шарифро пиёда карда наметавонад. Ҳамаи умедамон ба шумо нигаронида шудааст". Уcтод Раҳнаварди Дарёгард аз пазиройии ҳаводорону соҳибони миллат нисбати шахсияти табаруккашон мамун бигашта билохир ин нияти муборакро пазируфтанд. Вале  душманони ашаддиашон, се ёр аз як диёр - Ахтари Гардун, Субур Убур, Фурӯзонфар Зарриндаст хомӯш буданд, бурдҳои паёпайи устод ёронро  ба ситезиш меовард. Овозаҳо ба гӯши устод мерасид, ки се ёрон перомуни эшон китоби азиме пур аз сиёҳкориҳои  ин шахси мӯҳтарамро ба чоп омода сохта истоданд, то устодро  аз тахти шаъну шӯҳрат  фуруд оварда шармсор бисозанд.

               "Ҳомо коммунистус" чӣ ҷондорест?
 
                                                                       (гротеск)
  

Мӯҳтарам Ж.Э. шумо дар номаатон навиштед, ки ман коммунистаму ба кадом гурӯҳи одамӣ мансубам? Услуби саволро ба миён гузоштанатон мантиқан хатост. Зеро коммунистон зи аждоди одамӣ нестанд. Гарчанде, ки дар фосилаи эволюсияи 73 сола дар Иттиҳоди Шӯравӣ аз "ҳомо сапиенс" (одами бошуур) намуди ҷадиде бо номи мубораки "ҳомо советиус" арзи вуҷуд намуд, вале коммунистон ба ин гурӯҳ марбут наяанд. Табиатшиноси бузурги швед, Карл Линей дар осори машҳури илмиаш - "Системаи табиат" байни шипанзеву  "ҳомо сапеиенс", "ҳомо троглодитес" яъне одами ғорӣ,- ғулро гузоштааст, ки иштибоҳи маҳз аст, зеро "ҳомо троглодитес" фавран ба одами бошуур табдил наёфтааст.

                                          Рӯзе, ки Табиат мегирист
                                                           
                                                                       (новелла)

 Чун шери жаён наъра мезад. Фиғон мекашид. Посгуно месохт. Ҳамчун ҷунуни гашта гӯр мекофт, решакан менамуд, пора мекард.
   Меруфт. Мебардошт. Мебурд. Мешикаст. Месӯхт...
   Бо зудии барқосо абри сияҳ симои хуршедро пӯшид. Фавран зулмоти ваҳмангез атрофро фаро гирифт. Дили кучаку оҷизи инсон ин сонияҳо аз тарсу ҳарос берун ҷастан мехост. Лаҳзае пас ханҷари оташини барқ синаи абрро дарид. Аз пайкари захмдоршуда фавораҳои хунин ҷӯш мезаданд...
   Мешорид... Мешорид... Мешорид...
   Мегирист...Мегирист...Мегирист...